18 май, аз соати 18:00 то 23:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) барномаи анъанавии «Шабе дар Осорхона» баргузор мешавад.
Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионии ОМТ Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барномаи имсола аз солҳои гузашта фарқ дошта, дар он 18 барномаи фарҳангӣ барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мешавад.
Ба гуфти мавсуф, «иқдоми баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон равона гардидааст». Ташкилкунандагони барномаҳои фароғатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ мебошанд. Сарпарасти кулли барнома ширкати ватании «СИЁМА» ва сарпарасти расмии иқдомоти мазкур ширкати «МегаФон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ мобайл») мебошанд.
Иштироки тамошобинон дар барномаҳои осорхона ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта шуда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.