Шуруъ аз 21 апрел то 1 июни соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» ҳамоишу барномаҳо доир карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Баргузории чунин ҳамоиш дар фазои таълиму тарбия падидаи нав буда, дар доираи он чил навъи барномаҳо, ба монанди мусобиқаҳои варзишӣ, рассомӣ, нақшдӯзӣ, иншонависӣ, шеърхонӣ, озмунҳои зеҳнӣ, маҳфилҳои адабӣ, тамошои намоишҳои театрӣ, сайри осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, озмунҳои «Ихтироъкори беҳтарин», «Хонандаи сол -2022», «Барномасози беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дӯзандаи беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи китобхонию илмдӯстӣ, шеърдӯстӣ, малакаи эҷодкории насли наврас, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб миёни ноболиғон, дастгирии кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти истеъдодҳо аз миёни кӯдакону наврасон мебошад.