Раққосони Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» миёни 30 давлати дунё бо рақсҳои ҷаззобу дилфиреби тоҷикона соҳиби ҷои дуюм гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Љумњурии Тољикистон.
Фестивали мазкур аз 25 то 30 апрел дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар он 13 нафар раққос таҳти роҳбарии Артисти халқии СССР Зебо Аминзода ва Директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Ин фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати «Рақси хоразмии лазгӣ», мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқҳо тавассути санъати рақс, минбаъд васеъ намудани доираи ҳамкории эҷодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.