Дар Тошканд рӯзҳои 25-27 апрел намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИНОПРОМ» доир мегардад. Дар намоишгоҳ ва барномаи тиҷоратӣ беш аз 700 ширкати истеҳсолӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Узбекистон, Русия, Тоҷикистон, Беларус, Маҷористон, Фаронса, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳи «ИНОПРОМ. Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро 28 корхонаи саноатӣ намояндагӣ мекунанд. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир раҳбарӣ менамояд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зарфият ва иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи «ИНОПРОМ. Осиёи Марказӣ» корхонаю ширкатҳои бузург ва бонуфузи саноатӣ, назири «ТALCO», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон Яғноб», «Ғалла», «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Қолинҳои Қайроққум», ҶСК «Гулистон», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто», «Норд Азия Металл», «Зари Суғд» ва ғайра муаррифӣ менамоянд. Қисматҳои асосии намоишгоҳ аз бахшҳои металлургия ва масолеҳ, автоматикунонии саноат, мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои комплектӣ, ҷузъҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд.