Санаи 6 марти соли равон дар миёни 26 давлати ҷаҳон тариқи фосилавӣ аз фанҳои забони англисӣ, математика, табиатшиносӣ ва санъати тасвирӣ Олимпиадаи байналмилалии Future Intelligance Students Olympiyad (ФИСО), ки шомили давлати ИМА мебошад, баргузор гардид.
Дар радифи хонандагони литсейю гимназияҳои шаҳру навоҳии мамлакат дар олимпиада хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Кӯлоб иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Дар олимпиадаи байналмиллалӣ беш аз 4 ҳазор хонандагон аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд, ки 136 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти “Литсей барои хонагдагони болаёқат”-и шаҳри Кӯлоб низ ширкат варзиданд.
Тибқи натиҷагирӣ 2 нафари онҳо соҳиби медали тилло, 8 нафар медали нуқра, 9 нафар медали биринҷӣ гашта, 53 нафар ҷойи ифтихорӣ ва 64 нафар иштирокчии фаъоли олимпиада гардиданд.