13 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода, шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо ва дигарон ширкат варзиданд.
Ш. Амонзода оид ба барномаи ислоҳоти бунёдии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, то соли 2026 татбиқ намудани як қатор чораҳои муассир дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳаллу фаст намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ибрози назар намуд ва таъкид сохт, ки расидан ба ин ҳадафҳо бе кумаки шарикони рушд ва донорҳо, ҷалди манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ, кумаки техникӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ душвор аст.
Дар идомаи нишаст Рӯнамои равиш ба таҳияи Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва зарурату аҳамияти рақамикунонии баҳисобгирии муҳоҷирати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ манзури донорҳо ва шарикони рушд гардида, дарҷ гардид, ки харитаи роҳи вазорат маҷмуи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаҳои вазоратро барои солҳои 2022 - 2026 дар шароите, ки бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар марҳилаи барқароршавии баъди буҳрони бемории Covid-19 қарор дорад, бозгӯ менамояд.
Доир ба масъалаҳои мазкур намояндагони донорҳо, шарикони рушд баромад намуда, ташаббусҳои пешбаришударо ҷиҳати таҳкими заминаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таҳсилоти занону ҷавонон дар шароити кунунӣ ҳамчун тадбирҳои саривақтӣ дониста, барои амалӣ намудани онҳо таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳоро дастгирӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур пешниҳоду ташаббусҳо ва тасмимҳо барои ҳамкориҳои минбаъда баён гардиданд.