6 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ва намояндагони ВАО-и кишвар ҳамоиш доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум ва дар ҳамбастагӣ ба бемории сил муқовимат кардану ба пирӯзиҳо ноил шудан аст.
Тибқи омори расмӣ дар соли 2020 шумораи беморон дар Тоҷикистон 4315 нафар буда, 71 фоизи онҳо табобатро пурра ба анҷом расондаанд. Шумораи фавтидагон дар соли 2019 2,2 фоизро ташкил дода, дар соли 2020 ин рақам ба 1,4 фоиз пойин рафт. Гуфта шуд, ки табобат барои беморони сил дар Тоҷикистон ройгон буда, озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.
Лоиҳаи USAID барои солҳои 2019 - 2024 пешбинӣ шуда, барои барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон 31, 6 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Давоми солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидааст.