Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 15 апрели соли равон Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе тибқи даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон бо намоиши "Маликаи шӯх"-и муаллиф Ҳотам Салимов, дар таҳияи ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.
Дар назар аст, ки Театр дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қуқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сух намоишномаи “Маликаи шӯх”-ро манзури тамошогарон гардонад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 11 то 20 марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намуд ва намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик гардонд.
Манбаъ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон