Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021 - 2030» дар шаҳри Душанбе миёни раисони Шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳу донишкадаҳо, шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби донишҷӯдухтарони фаъолу болаёқати донишгоҳҳои олии шаҳр семинари омӯзишии «Оила ва ҷамъият»-ро баргузор намуд.
Дар семинар мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сабоҳат Рустам , Доктори илми фалсафа сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Муҳаммадҷонова, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе А. Норасов ширкат варзида, оид ба солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиласолорӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ миёни занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯдухтарони фаъол бо сипосномаҳои раёсат қадрдонӣ гардиданд.