4 апрели соли ҷорӣ дар Кохи “Суруш” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давоми ду рӯз дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе идома ёфта, барои иштирок ва истироҳати хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Дар ҷамъбасти ҳар рӯз иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе дидан намуда, инчунин, дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ташкил карда шуд.
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки аз 533 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 192 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (28 медали тилло, 52 медали нуқра, 112 медали биринҷӣ) гардиданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои мазкур хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 72 ҷойи ифтихорӣ (16 ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 28 ҷойи сеюм) мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 56 ҷойи ифтихорӣ (6 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми дуюм ва вилояти Хатлон сазовори 37 ҷойи ифтихорӣ (4 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 31 ҷойи сеюм) мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 24 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ ( 3 ҷойи сеюм) шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ медалҳо, “Ифтихорнома”-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиада саҳм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон, шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исфара, Ҳисор, Исмоили Сомонӣ, Данғара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.
Бояд гуфт, ки сифати иштироки хонанадагон дар олимпиадаҳои мазкур аз шаҳри Душанбе 57,6 %, вилояти Суғд 43,4 %, ШНТҶ 30 %, вилояти Хатлон 22,2 % ва ВМКБ 9 %-ро ташкил доданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки ғолибияти хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нисбат ба хонандагони мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) зиёд мебошад ( МТМУ 105 ҷой (16 ҷойи якум, 28 ҷойи дуюм, 61 ҷойи сеюм) ва муассисаҳои типи нав 87 ҷой (12 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм, 51 ҷойи сеюм).
Ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб омаданд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст, ки ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба холҳои бадастовардаи онҳо илова мегардад.