Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 % иҷро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд.
Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад иҷро намудаанд.
Гуфта мешавад, ба 90 наваскарони раштӣ, ки курси ронандагии ҷамъияти «Мададгори мудофиа»-ро хатм намудаанд ва барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Нурафшони шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват паём доданд.