1 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии бошукуҳи идона доир гардид. Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода аз дастгирии доимии сокинони ноҳия дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, чунин амали ҷавонони ноҳияро ҳамчун нишонаи ватандӯстӣ номид.
Бояд тазаккур дод, ки тайи чанд соли охир аст, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро иҷро менамояд, ки ин аз татбиқи сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат аз тарафи ҷавонони ноҳия дарак медиҳад. Имсол низ ҷавонони ноҳия ба дарки масъулияти шаҳрвандӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба 25 нафар наваскарони ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.