Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" барпо мегардад. Марбут ба ин, имрӯз дар театри давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода фестивали мазкур баргузор гардид.
Намоиши китобҳои нав, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр, дастранҷи кӯдакону наврасон таҳти шиору овезаҳо ва панду ҳикматҳои хирадмандону бузургони сухан дар ситоиши дурдонаи гаронбаҳо – китоб ба оғози ҳафтаи Фестивали китоби кӯдакону наврасон ҳусну шаҳомати тоза бахшид.
Дар фестивал тарбиятгирандагони кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ ва рақсҳои ҷаззоб хотири тамошогаронро болида гардонданд.
Фестивал бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардондани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона роҳандозӣ гардидааст.