Парлумони Тоҷикистон ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 тағйироту иловаҳо ба тасвиб расонд. Дафтари матбуоти парлумон хабар дод, ки рӯзи 30-уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумони) Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд. Аз ҷумла, вакилони парлумон Протоколро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати