Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд.
Дар он ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав қадрдонӣ мегарданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.
Зикр шуд, ки ғолибони олимпиадаи мазкур соҳиби имтиёз барои дохил шудан тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, яъне вобаста ба сатҳи ғолибияташон дар олимпиада аз 50 то 100 хол илова карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки баргузории олимпиадаи мазкур ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат менамояд.