Дар доираи татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» бо иштироки Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк аз тарафи соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Коргоҳи нави нони хушк бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз буда, 4 номгӯи маҳсулотро бо 8 таъм истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардонад. Сафи кормандони ин коргоҳ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 30 нафар расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ «Сардор-2008» 7 сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.