Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни грантҳои раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2022-ро эълон намуд ,ки он аз 40 грант иборат буда, маблағи умумии он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор» ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ сурат мегирад.
Боиси зикр аст, ки 40 гранти раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 5 грант дар ҳаҷми 8 000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 000 сомонӣ мебошад.