Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти навбатии омӯзишии семоҳаи «Зан-сарвар»-ро барои ҷавонзанони болаёқати синни 25 - 30 сола эълон медорад, ки онҳо бояд малакаи суханвариро доро бошанду аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ озод суҳбат намоянд. Дар курс бонувони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишгоҳу коллеҷҳо, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият иштирок карда метавонанд.
Шунавандагон дар машғулиятҳо аз устодон, бонувони роҳбар, сиёсатмадорони варзида ва ходимони давлатӣ дониш андӯхта, аз таҷрибаи бойи онҳо бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз санаи 31 марти соли 2022 оғоз гардида, машғулиятҳо 10 апрели соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шурӯъ мешавад.