30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд.
Дар рӯзи охир устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61 км ва ҳаваскорон дар масофаи 111 км сабқат карданд. Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон тими Ироқ пирӯз гардид.
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи шашум
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, устодони варзиши велосипедронӣ, 111 км
19 - 34-солаҳо
1. Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)
2. Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)
3. Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ)
35 - 39-солаҳо
1. Халид Алӣ Алблушӣ (АМА)
2. Алӣ Ҷавод (Покистон)
3. Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон)
40 - 44-солаҳо
1. Вадим Ежаков (Қазоқистон)
2. Ромин Худоиев (Тоҷикистон)
45 - 49-солаҳо
1. Александ Игонин (Тоҷикистон)
2. Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон)
50 - 99-солаҳо
1. Ринат Батиршин (Тоҷикистон)
2. Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)
3. Павел Салимов (Тоҷикистон)
Даставӣ, устодон
1. Ироқ
2. Покистон
3. Тоҷикистон