Дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони "Наврӯз он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд” ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.
Садорати донишгоҳ бо эълони озмуни "Беҳтарин хони наврӯзӣ" чорабиниро оғоз бахшиданд. Озмун бо риояи расму оинҳои қадимаи ниёгон, аз ҷумла оростани дастархони наврӯзии иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, омода кардани хӯрокҳои миллӣ, шеърхонӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтарин маликаи Наврӯз бо ба бар кардани либосҳои миллӣ байни факултаҳои донишгоҳ доир гардид.