Бори аввал дар Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор мешавад, ки мақсади он тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа мебошад.
Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019 - 2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ хоҳанд шуд.
Синамоҷоизаи миллӣ иборат аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ баргузор карда мешавад. Муассисони Синамоҷоиза Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.
Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Манбаъ: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»