19 март дар шаҳри Екатеринбурги Россия озмуни зебоии «Бонуи Наврӯз-2022» (Miss Navruz-2022) баргузор гардид. Дар озмун зебосанамҳои тоҷик, қазоқ, озарбойҷонӣ, бошқирд, тотор, қирғиз, узбек, ва чечен сару либос, таомҳо ва тамсилҳои мардуми худро муаррифӣ намуданд. Шоҳҷоизаи озмуни «Бонуи Наврӯз-2022» насиби Маҳина Хуҷаеваи 18-сола аз Тоҷикистон гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Маҳина Хуҷаева дар Тоҷикистон ба дунё омада, аз 13-солагӣ бо хонавода дар Екатеринбург ба сар мебарад. Ҳоло донишҷӯи курси 1-уми Коллеҷи тиббии вилояти Свердловск буда, пешаи дандонпизишкиро ихтиёр кардааст.