Дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” рӯзҳои 25, 26, 27-уми март дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ доир гардида, иштирокчиёни лоиҳа молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф пешкаш менамоянд.
Имсол дар ярмарка зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолию маишии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”,“Раҳмат-2004”, “Шоколатье”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Фаровон-1”, “Авиценна”, “Сиёма”, “Шоҳамбарӣ”, “Артел”, Рамис”, “Химус”, “Евродент”, Маркази зебоии “Сафия”, “Қолинҳои форс”, “Parimatch, “Ҳимоя” ва дигарон ширкат варзида, молу маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои 25, 26, 27 март сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки ба Кохи Борбад ташриф оварда, аз ин намоишгоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ, сметана, торт, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои табии мевагӣ, обҳои газноку минералӣ ва анвои дигари маҳсулоти хӯрока, ҳамчунин маводҳои шустушӯӣ, гилему қолинҳои хушранг, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар ҷиҳози рӯзгорро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд. Дар намоишгоҳ барои меҳмонон ҳамчунин мавзеи дилхушӣ сохта шудааст.
Дар маросими расмии кушодшавии намоишгоҳ, ки рӯзи 25 март, соати 9.00 доир мегардад, намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои тавлидотӣ, меҳмонони хориҷӣ ва намояндагони ВАО иштирок хоҳанд кард.
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун 28-уми марти соли ҷорӣ, соати 18:00 дар меҳмонхонаи “HYAT REGENCY” баргузор мегардад.