15 март дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ фаъолони Марказ таҳти роҳбарии директори он Зарнигори Сорбон дар саҳни ҳавлии таълимгоҳ ба пухтани суманак пардохтанд. Се дег бо ғунҷоиши 250 литр ва чорумӣ аз 300 литр иборат буда, ҳамзамон таҳияи як дег кашк низ ба роҳ монда шуд, ки таълимгирандагону меҳмонон аз он тановул карданд.
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфили суманакпазӣ ширкат варзида, аз анъанаҳои неки ниёгон ва Наврӯзи оламафрӯз ёдовар шуданд. Донишҷӯдухтарони Марказ низ дар маросими кофтани деги суманак, сароидани таронаи наврӯзии «Суманак» ва рақсу арғуштравӣ иштироки фаъол доштанд. Бонувони маҳал бо дойранавозиву сурудхонӣ ба чорабинӣ ҳусни бештаре зам намуданд.
Ёдовар мешавем, ки МД «Маркази таълимии «Чароѓи њидоят» бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2008 дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои донишљўдухтарони ятим ва бепарастор, ки дар макотиби олї ва коллељу омўзишгоњњои шањри Душанбе тањсил менамоянд, таъсис дода шудааст. Дар марказ барои духтарон тамоми шароити зист муњайё буда, маблағгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сурат мегирад.
Муассиса дорои китобхона, синфхонањои компютерї, дўзандагї, ќаннодї, ошхона, маљлисгоњи замонавї ва бунгоњи тиббї мебошад. Фориғ аз дарсҳои донишгоњ духтарон дарсњои иловагии забонњои тољикї, русї, англисї, таъриху њуќуќ, этикаву эстетика, асосњои компютер омӯхта, дар маҳфилҳои гуногуни ҳунармандӣ ҳунарҳои мардумиву муосир меомӯзанд.
То хатм намудани донишгоҳ духтарон дар ин марказ иқомат менамоянд ва нафароне, ки ятими кулланду парастор надоранд, то оиладор шудан дар марказ монда, аз ин љо ба хонаи бахт рањсипор мегарданд.
Баргузории тўйи арўсии духтарони марказ ва љињози хонаи арўс пурра аз њисоби Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.