Таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, ки ба санаи 11- март рост меояд, ҳамасола дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Халон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ намунаи дастовардҳои як соли охири худро ба ба намоиш гузоштанд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро ба сухани табрикотӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмати сазовор намуда, аҳли эҷод рисолати касбии худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Фирӯза Шарифӣ аз таърихи таъсисёбии матбуоти тоҷик дар давраҳои гуногун мисол оварда, иброз дошт, ки дар ин давра дар вилояти Хатлон низ ибтидои солҳои сиюм нахустин рӯзномаҳо аз ҷумла, рӯзномаи “Хатлон”, ки соли 1931 бо номи “Зарбдори сохтмони Вахш” ба чоп расида буд.
Муовини раиси вилоят бо ёдоварӣ аз хизмати шоёни журналистону зиёиёни соҳибқаламе чун Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Машариф Орзуев, Қувваталӣ Холов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муқим Абдураҳмонов, Соҳиб Табаров, Ашӯр Сафар, Саид Барот, Муҳаммад Ғоиб, Пиримқул Сатторӣ, Акбар Муслимов, Тӯра Қобилов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шарифамоҳи Кишвардухт, Бахтиёр Муртазоев ва дигарон нақши матбуоти даврӣ ва дигар ВАО-ро дар рушди ҷомеа ва маърифатнокии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши шумораи расонаҳо, вусъати интернет, пешрафти технологияҳои навин, вазъи матбуоти даврии маҳаллӣ, фаъолияти журналистон дар сатҳи маҳал беҳбудӣ мехоҳад ва бо мақсади дастгирии нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ҷиҳати доир намудани машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони эҷодию техникӣ тадбирандешиҳо сурат гирифта, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои таъмин намудани рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо бинои алоҳида ё таъмири асосии биноҳои мавҷудаи редаксияҳо мусоидат намоянд. Ҳамчунин, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки барои муҷаҳҳаз гардонидани идораи нашрияҳо бо техникаву ҷиҳози зарурии корӣ, аз ҷумла хатти интернет мусоидат