Дар майдони «Дӯстӣ» шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи баҳору Наврӯз - табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр қомат афрохт.
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба АМИТ «Ховар» иброз доштааст, дар паҳлӯи табақи суманак инчунин дигар ороишоти ба ин ҷашн хос ороста мешаванд.
Дар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Инчунин дар майдон конструксияи наврӯзӣ бо навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.
Соли сеюм аст, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бузургтарин табақи сабзаи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.
Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.