10 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, дуввумин донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал - Азҳар ва Донишгоҳи Ал - Қаравӣ мебошад. Ҳамасола беш аз 155 000 донишҷӯ Донишгоҳи Қоҳираро хатм мекунанд ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудаанд.