Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзи 11 марти соли равон соати 15:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи матбуот ҷамъомади идона баргузор мегардад.
Дар ин рӯз чун анъана як зумра рӯзноманигорону фаъолони матбуот бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ мегарданд.
Ҳамзамон дар саҳни осорхона намоиши китоб манзури тамошобинону иштирокчиёни чорабинӣ мегардад.
Манбаъ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон