9 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло, собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони дар минтақаи Кӯлоб фаъолиятбаранда ширкат варзиданд.
Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамасола дар саросари кишвар 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. 110 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст, ки рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор дар таърихи миллати мо маҳсуб мегардад. Қайд гардид, ки саҳми арзандаи рӯзноманигорон дар пешбурди ҳаёти ҷомеа бузург аст ва онҳо дар ҳама давру замон ҳамдаму ҳамнафаси халқ буданд, ҳастанд ва дар оянда низ манфиатҳои ҷомеаро дар мадди аввал мегузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ Зиннатулло Исмоилзода, собиқадорони матбуот, шоир Ҳақназар Ғоиб, Сафаралӣ Бозорзода ва дигарон оид ба роҳҳои тай намудаи матбуоти тоҷик суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони фаъол барои масъулияти баланди касбӣ, хизмати созанда дар инъикоси дастовардҳои халқу давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.