3 марти соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ба аёдати 13 нафар бонувони собиқадори шаҳр рафтанд.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Райҳонбӣ Нозимова, сокини деҳаи Ёхсучиёни Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб ташриф овард. Ӯ ин момои таборрукро ба муносибати Рӯзи модар ва ба синни мубораки 107-солагӣ расидан табрику таҳният гуфта, ба ӯ аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуд. Маврид ба ёдоварист, ки саҳми Райҳонбӣ Нозимова дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон назаррас аст.
Ҳамчунин вай собиқадори меҳнат Шаҳзода Мирзоеваро, ки ба синни 102 расидааст, аёдат намуд ва барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Б. Назарзода ба аёдати Гулизор Тоҳирова, сокини шаҳр Кӯлоб рафта, бо ӯ суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Ӯ заҳматҳои Гулизор Тоҳироваро нек арзёбӣ намуда, ба ӯ сипоснома ва туҳфаҳои идона тақдим намуд. Аёдати собиқадорони меҳнат Эронбӣ Саидова, Исқолбӣ Маҷидова ва дигарон низ сурат гирифт, ки ба онҳо низ туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.