4 март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, шоираи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Марҳабо Латифзода, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва бонувони фаъол иштирок намуданд.
Абдураҳим Шоҳиён ҳозиринро ба Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, зикр кард, ки саҳми босазои занону бонувон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас аст. Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён атрофи «Нақши занон дар ташаккули давлати тоҷикон» суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом бонувони собиқадор ва фаъоли ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.