Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар ҳамоиши идона доир гардид.
Маликшо Неъматзода - раиси федератсия зимни ҳамоиш тамоми бонувон, модарон ва собиқадорони ин ниҳодро табрик намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ин аз эҳтироми таърихии миллати тоҷик ба модарон сарчашма мегирад.
«Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд”,- иброз дошт Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода.
Дар охири ҳамоиш тамоми бонувону занон аз ҷониби роҳбарияти Федератсия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»