Соли 2022 дар доираи амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардида, ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии наврасону ҷавонони боистеъдод дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад.
Барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 383 230 (сесаду ҳаштоду се ҳазору дусаду сӣ) сомонӣ ҷудо гардидааст.