Дар асоси нақша - чорабинҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Модар санаи 26 феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматуллло Раҳмонзода маҳфили “Рӯзғордорӣ” доир гардид.
Маҳфили мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ, ҳидояти ҷавондухтарон ба рӯзгордорӣ ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму анъанаҳои миллӣ ва мероси ниёгон роҳандозӣ гардид.
Ҷомӣ Зарифӣ