Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе IT-парк бунёд кунад, ки ин нахустин технопарки Тоҷикистон, қаламрави имконият ва ҳамгироии илму маориф ва технологияҳои олӣ хоҳад буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
IT-парк парки технологиест, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият мекунад. Ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд.
Ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ, таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот, тайёр намудани аҳолӣ ва ҷавонон бо мақсади ташаккул додани синфи муосири мутахассисони баландихтисос, гузаронидани маҳорат- дарсҳо, тренингҳо ва курсҳои такмили ихтисос, инчунин конференсияҳои