Соли 2021 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба маблағи 72, 4 миллион сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қариб 22 миллион сомонӣ барои корҳои таъмину нигоҳдории роҳҳо равона гардид. Дар ин бора имрӯз Азим Иброҳим, вазири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 113, 2 миллион сомонӣ корҳои таъмиру ободонии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он сарф карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 83,8%-ро ташкил медиҳад.
Маълум гардид, ки 270 км роҳҳо асфалтпӯш, 673, 5 км шағалпӯш карда шуданд.