Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Дар нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҳар семоҳа дархост, коркард ва ҷамъбаст карда мешавад, ба ҳолати 1 январи соли 2022 шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18 ҳазору 701 нафарро ташкил медиҳад.
- Бонувон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4 518 нафар мебошанд, ки аз ин 1113 нафар, ё 19, 3 дарсади онҳо дар кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи гузашта 33 нафар ва теъдоди занони роҳбар 15 нафар афзоиш ёфтааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.