Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 158 нафар буда, 96 нафарашон омӯзгорони асосӣ мебошанд. Теъдоди омӯзгорон аз ҳисоби бонувон ба 72 нафар баробар аст, ки 10 нафар дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият доранд, хабар дод ректори Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон Заррина Ибодзода зимни нишасти хабарӣ, ки санаи 10 феврал донишкада доир гардид.
Мавсуф қайд кард, ки 22 нафар омӯзгорон дорои дараҷа ва унвони илмӣ буда, аз ин шумора 8 нафар доктори илми тиб, 14 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд. Ҳамзамон 15 нафар омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ҳамчун корманди беруна дар донишкада фаъолият менамоянд.
Иттиллоъ дода шуд, ки баҳри беҳтар намудани сатҳи забономӯзӣ ва барномаҳои компютерӣ барои кормандон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуда, 40 – 50 нафар аз ин курсҳо гузаштаанд.