Санаи 11 феврал дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои «Урания» асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии «Дарвеши ланг» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.
Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.
Кинофилми бадеии «Дарвеши ланг» -ро коргардони кино ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Киш Йожеф эҷод кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд. Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устуворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.