- Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Љумњурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати дар амал тадбиќ намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа», Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии Тољикистон аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2017-2022» курсњои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”-ро дар саросари љумњурї ба наќша гирифтааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Академия Абдухалил Ғафурзода.
Академияи идоракунии давлатї дар њамкорї бо шарикон курси омӯзишии дуалиро соли 2019 оѓоз намуда, занони хизматчиёни давлатии маќомоти мањаллии њокимияти давлатиро ба тањсил фаро мегирад.
Курси мазкур дар вилоятњои Суѓд ва Хатлон соли 2019 ва дар ВМКБ соли 2020 баргузор гашта, 79 нафар занони фаъолу лаёќатманди хизматчиёни давлатї онро хатм намуданд.
Ҳамчунин, Абдухалил Ғафурзода қайд кард, ки;
- даври аввали курси мазкур барои шањру ноњияњои тобеи љумњурї 26 майи соли 2021 ва дар вилояти Суѓд 21 июни соли 2021 баргузор гардида, се давраро дар бар гирифт. Дар курси мазкур аз вилояти Суѓд ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї 49 нафар ба тањсил фаро гирифта шуда, онро хатм намуданд.
Њамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2019 то 2021 курси омўзишии дуалї барои тайёр кардани њайати бонувони роњбарикунанда аз њисоби хизматчиёни давлатї тањти унвони “Зан-сарвар” – ро аз саросари љумњурї 128 нафар хатм намудааст.
Инчунин, курси мазкур аз моњи марти соли 2022 дар вилояти Хатлон ва ВМКБ барои 55 нафар ба наќша гирифта шудааст.