Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шабакаи ҷаҳонии интернет дорои сомонаи нав гардид, ки нишонии он чун нишонии сомонаи қаблист -www.kulob.tj
Дар натиҷаи омӯзиши сомонаҳои пешбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, вазорату идораҳои давлатӣ шакли нави сомона роҳандозӣ гардидааст, ки имконоти фановариҳои навинро то андозае фаро мегиранд. Сомона дар ҳоли коркард қарор дошта, бо пешниҳоди мушаххаси хонандагони худ онро минбаъд низ такмил хоҳанд дод.
Сомонаи аз бахшҳои “Роҳнамо”, “Нашрияҳои Ҳукумати шаҳр”, “Таърих”, “Ҷойҳои таърихи фароғатӣ”, “Адабиёти нашршуда”, “Мақомоти иҷроия”, “Сохтор”, “Тақсимоти вазифаҳо”, “Муносибатҳои хориҷӣ”, “Иқтисод”, “Иҷтимоъ”, “Сиёсат”, “30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Маълумотнома”, “Муроҷиатнома ба Раис” ва “Хабарҳо” иборат аст. Дар сомона ҳамчунин бахши “Сомонаи қаблӣ” барои хонандагон боз аст, ки маълумоту матолиби сомонаи қаблиро дастрас карда метавонанд.
Бахшҳои нави сомона бо ҳадафҳои зерин онҳо фаъол шуданд:
Бахши “Раҳнамо”. Ин бахш ба таври дигар муаррифии онлайнии шаҳрро дар худ фаро мегирад ва хонандаву бинандаро бо ҳама имконоту зарфиятҳои шаҳри бостонии Кӯлоб шинос менамояд.
Бахши “30 солагии истиқлолият”. Дар доираи ҷашни таърихии мамлакат иншооту коргоҳҳои зиёд дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инъикоси васеи дастовардҳо ва бо дарназардошти ҷашни дар пешистодаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии ин бахш хоҳад буд.
“Муроҷиатнома ба Раис” – бахши нави сомона аст, ки бо ҳадафи қаринтар намудани иртиботи байни мардум ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъол гардид, ки арз, шикоят, пешниҳод ва имконоти ҳамкории худро муроҷиаткунандагон метавонанд ба масъулин ба таври мушаххас ва вобаста ба сохторҳо арзёбӣ намоянд. Муроҷиатҳо дар назардошт бо қонуни “Муроҷиати шаҳрвандон” мақоми расмӣ мегиранд ва посухҳо дар шакли электронӣ ба муроҷиаткунандагон расонда мешаванд.