Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 78 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 42,0 млрд. сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки дар доираи онҳо соли сипаришуда беш аз 5,0 млрд. сомонӣ аз худ гардидааст, гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода, зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки 11 феврал дар кумитаи мазкур баргузор шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2021 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар бо шарикони рушд созишномаҳои қарзию грантӣ ва кумаки техникӣ ба маблағи беш аз 6,0 млрд. сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он зиёда аз 88,0 фоизашро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
Кумита бо мақсади ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ 25 ҳамоишу форумҳои соҳибкорию сармоягузорӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, Форуми байналмилалии Душанбе – Инвест-2021, инчунин бори нахуст форумҳои минтақавии соҳибкорию сармоягузориро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт доир намуд, ки дар доираи онҳо беш аз 50 санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба мувофиқа расонида шуд.