10 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма муколама намуд.
Қайд гардид, ки дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» ба ҳолати 1 январи соли 2022 40 лоиҳа бо маблағи 319,1 млн сомонӣ амалӣ гардида, дар 26 лоиҳа корҳо идома дошта, то имрӯз дар иҷрои ин лоиҳаҳо 176,7 млн сомонӣ аз худ карда шудааст.
Зимни нишаст намояндагони ВАО ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд. Дар охир Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.