Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2950 муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки нисбати соли гузашта 400 адад зиёд мебошад. Корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба 297 номгӯй расидааст, ки нисбати соли гузашта 7 корхона зиёд аст, иттиллоъ дод вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки 10 феврал баргузор шуд.
Қайд гардид, ки дар соли 2021 дар кишвар доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 79 441 адад аз муомилот гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 442 номгӯй ва 30 817 адад зиёд мебошад.
Ба иттилоои манбаъ 110 тонна доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда несту нобуд карда шуданд, ки нисбати соли 2020 6,9 тонна кам мебошад.