Дар ин бора Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ санаи 10 феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, иброз дошт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 906,4 ҳазор нафар мусофир (1,3 %) зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҳисоби хизматрасонӣ ба мусофирону ҳавопаймоҳо даромади корхонаҳои авиатсионии кишвар афзоиш ёфта, ба 2 млрд 82,2 млн сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 – 698 млн сомонӣ (50%) зиёд аст. Аз ҳисоби даромади бадастомада натиҷаи молиявии корхонаҳо дар соли 2021 ба 227,8 млн. сомонӣ фоида баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 501,1 млн. сомонӣ ё 2,2 маротиба зиёд мебошад.
Вобаста ба ин, пардохтҳои корхонаҳои авиатсионии кишвар ба буҷети давлат дар соли 2021 – 121 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 49,5 млн. сомонӣ ё 70 фоиз зиёд мебошад.