Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ соли 2021 беш аз чорсад нафар доавталабон ҳуҷҷат супурданд, ки танҳо сад нафари онҳо ба донишгоҳ шомил гаштанд, хабар дод ректори донишкада Шодӣ Сафаров, зимни нишасти хабарии ин макотиби олӣ, ки 9 феврал баргузор шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки соли сипаришуда дар баробари ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ донишкада ҳамзамон 50-солагии таъсисёбии худро бо омодагии ҳамаҷониба таҷлил намуд.
Корҳои сохтмону ободонии муассиса ва муҷҷаҳазгардонии аудиторияҳои дарсӣ бо таҷҳизоти муосир дар ин давра хуб ба роҳ монда шуд, ки намунаи он истифодаи толори варзишӣ барои 800 ҷои нишаст мебошад.
Зиёда аз 500 нафар муҳассилини донишкада дар дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ оид ба 37 намуди варзиш ширкат варзида, аксариятбештари онҳо ғолибият ба даст овардаанд. Баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғибу ташаккули тарбияи ҷисмонӣ дар матбуоти даврӣ беш аз 200 мақолаҳои илмиву тарбиявии устодони донишкада ба чоп расид.