Санаи 9 феврал Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои иловагии ширхоргоҳ — кӯдакистони № 22-и “Бобуна”-ро баъди навсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки бино бо харҷи 3 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гашта, бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 180 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот аз 2 ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 6 гурӯҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст. Дар саҳни ҳавлӣ суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассисон бо кор таъмин гаштанд, ки бо ин шумораи кормандону мутахассисон дар ширхоргоҳ — кӯдакистони “Бобуна” ба 45 нафар расид.
Раванди таълиму тарбия дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. 2 гурӯҳи алоҳида пурра бо забони русӣ амал мекунад ва барои ин мутахассисон мерасанд. Ҳамзамон, ба омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуда, тарбиятгирандагон тибқи нақшаи барномаи давлатӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб карда мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ширхоргоҳ-кӯдакистони “Бобуна” ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабиро қонеъ намуд.