Сани 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фарҳодҷон Шукуров бунёд гардидааст, бо 80 нафар ятимони кулл, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд, дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Ба 80 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.