Корҳо дар самти ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бомаром идома доранд, хабар дод раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саид Нуриддин Саид зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки 8 феврал дар Кумитаи мазкур доир гардид.
Қайд гардид, ки тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар собиқ бинои Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 259, ки аз 3 ошёна иборат буда, дорои беш аз 40 ҳуҷраи корӣ мебошад, ҷойгир карда мешавад. Корҳои таъмиру навсозӣ дар бинои телевизион то бинои Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии № 1 бо дарозии 900 метр, гузаронидани оби гарм ва хатҳои телефон қариб ба итмом расидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти муассисаи мазкур истеҳсоли кишварҳои Аврупо буда, дорои сифат ва дақиқияти баланди пахши навору садо аст.
Тибқи нақша телевизиони «Сайёҳва ҳунарҳои мардумӣ» дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба фаъолият шурӯъ менамояд.