Соли 2021 дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 262 нафар кормандон ба кор қабул шудаанд, ки 50 дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, дар ин бора раиси бонки мазкур Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии ин ниҳод, ки 7 феврал баргузор шуд, хабар дод.
Қайд гардид, ки аз шумораи умумии кормандони соҳибтахассус 1308 нафарашон (44 %) бонувон мебошанд. Соли сипаришуда Амонатбонк барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии соҳибкорзанон 8,3 млн сомонӣ равона намуд, ки беш аз 2000 нафар бонувони соҳибкор аз қарзҳои хурди имтиёзнок баҳравар гаштанд.
С. Икромӣ таъкид дошт, ки дар солҳои оянда дар назар аст, ки шумораи кормандонро аз ҳисоби бонувон дар Амонатбонк аз 60 то 65 дарсад зиёд намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар БДА «Амонатбонк» аз ҳисоби бонувон тими мунтахаби волейболбозон ва шӯрои занон фаъолият менамоянд, ки дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона меварзанд.